ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2026 1 миллиарду 509 миллион сомониро ташкил дода, суръати рушди воқеии он ба 8,0 фоиз расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд.
Ҳаҷми содирот низ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 11,6 фоиз зиёд гардидааст. Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 161,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 21,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот далели он аст, ки сиёсати давлат дар самти афзун намудани занҷири арзиши иловашуда дар асоси баланд бардоштани дараҷаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то маҳсулоти ниҳоӣ дуруст интихоб шуда, амалӣ мегардад.
Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардида, дар самтҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, соҳибкорӣ, сохтмон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ, бунёду таҷдиди садҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ ва сайёҳӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар ин минтақаи кӯҳсори мамлакат мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз
Октябрь 14, 2026 14:50
