ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария оид ба минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Андреас Битзӣ ва Севен Ҳеннигер мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсарияро дар самтҳои тиҷорат, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
Октябрь 15, 2026 09:55

