ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо фаъолияти Деҳкадаи ҳушманди Миср (Egypt Smart Village) шинос шуда, бо раиси ширкати Silicon Waha яке аз ширкатҳои бузург дар соҳаи технологияи рақамӣ Одил Дониш мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, Парвиз Мирзозода ва Одил Дониш зимни баррасии ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ густариши ин ҳамкориро бо танзими сафарҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо тавоноиҳои якдигар, инчунин омӯзиши таҷрибаи беш аз 25-солаи Миср дар соҳаи мазкур мувофиқи мақсад донистанд.
Сафир бо муаррифии имконият ва алоқамандии ҷиддии Тоҷикистон барои рушди технологияи рақамӣ ва имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ дар ин соҳа аз ширкатҳои мавҷуда дар Парки бузурги технологии Миср даъват намуд, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.
Раиси ширкати Silicon Waha Одил Дониш барои иштирок дар Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ибрози омодагӣ намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср
Октябрь 20, 2026 10:49

