ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Вазири федералии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии Покистону Тоҷикистон Сардор Увайс Аҳмад Хон Лағорӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба натиҷаҳои ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо аҳаммияти идомаи муколамаи созанда, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва андешидани тадбирҳои муштаракро ҷиҳати татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
Октябрь 15, 2026 15:21

