ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҷаласаи шуро Протоколи якуми факултативӣ ба Конвенсия дар бораи додани шахсони ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумгардида барои адои минбаъдаи ҷазо аз 6 марти соли 1998, дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи агентии хусусии шуғл», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо пешниҳод ва баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 19, 2026 11:42

