ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии таъсиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 12 ва 13 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон барои ояндаи устувор: об, пиряхҳо ва иқлим» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардид. Дар он намояндагони сохторҳои ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Котиботи Созмон, мақомоти давлатӣ, коршиносону муҳаққиқон ва ҷавонони фаъол барои баррасии масъалаҳои муҳими обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалии ҷавонон ба ҳам омаданд.
Дар ҳамоиш намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Русия иштирок намуда, доир ба таҷрибаи кишварҳои худ дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, пиряхҳо, муҳити зист ва нақши ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар кори форум намояндаи Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, коршиноси дараҷаи якум Нодира Содиқзода доир ба аҳамияти масъалаҳои баррасишаванда, бахусус ҳифзи захираҳои обӣ, пиряхҳо ва коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ибрози назар намуда, ҷонибдории Котиботи Созмони ҳамкории Шанхайро аз густариши ҳамкории ҷавонон ва ташаббусҳои созанда дар ин самт изҳор дошт.
Баргузории чунин ҳамоиши байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор робитаи мустақим дорад.
Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо нақши фаъол дорад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардида, масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар рӯзномаи байналмилалӣ мавқеи муҳим касб намудаанд.
Ин иқдомҳо барои таҳкими ҳамкории илмӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар баробари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, иқдомҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди пойтахт ҳамчун шаҳри сабз ва аз ҷиҳати экологӣ устувор низ аҳамияти хос доранд.
Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии роҳбарияти пойтахт тадбирҳои сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ, бунёду навсозии боғу гулгаштҳо, ободонии ҳудудҳо ва беҳтар намудани муҳити зист амалӣ мегарданд. Дар ин раванд ба рушди инфрасохтори сабз, беҳтар намудани симои меъморию экологии пойтахт, фароҳам овардани фазои мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Тадбирҳои мазкур ба ҳадафҳои рушди устувори шаҳрҳо ва беҳтар намудани сифати муҳити зиндагӣ мувофиқат менамоянд. Ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои муҳими иштироки ҷамъиятии онҳо ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ташаббусҳои ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» ба таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, фарҳанги экологӣ ва иштироки фаъоли насли ҷавон дар ободонии пойтахт равона шудаанд.
Дар ин замина, баргузории Форуми байналмилалии ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе имконият фароҳам овард, ки масъалаҳои глобалии обу иқлим дар робита бо тадбирҳои амалии рушди муҳити сабзи шаҳрӣ баррасӣ гардида, аҳамияти иштироки ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ таъкид карда шавад.
Ҳамчунин 12 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалӣ масъалаҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, рушди иқтисоди сабз, истифодаи технологияҳои муосир ва иштироки фаъоли ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони давлатҳои иштирокчӣ доир ба таҷрибаи миллӣ, ташаббусҳои ҷавонон ва имкониятҳои густариши ҳамкории муштарак дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани маърифати экологӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба аҳамияти таҳқиқоти илмӣ, мониторинги пиряхҳо, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва нақши муассисаҳои илмӣ дар омӯзиши равандҳои иқлимӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Муаррифии мавзуъҳои илмӣ оид ба захираҳои об ва пиряхҳо ба густариши мубодилаи дониш ва таҷриба миёни иштирокчиён мусоидат намуд.
Дар форум ба масъалаи рушди дипломатияи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Изҳор шуд, ки Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун майдони муколама ва ҳамкории бисёрҷониба дар муттаҳид намудани неруи созандаи ҷавонон, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои аъзо нақши муҳим дорад.
Дар ин замина, котиби Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай Алексей Карпенко дар форум иштирок намуда, ба масъалаҳои рушди ҳамкории ҷавонон ва густариши робитаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии форум дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай буд. Иштирокчиён аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷавононро дар самти тарғиби фарҳанги истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва рушди ташаббусҳои сабз таъкид намуданд.
Дар доираи муҳокимаҳо ҳамчунин масъалаи таҳкими робитаҳои байни наслҳои гуногуни фаъолони ҳаракати ҷавонон, истифодаи таҷрибаи собиқадорон ва густариши ҳамкории минбаъда дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай матраҳ гардид.
Инчунин 12 октябр дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «35 сол бо ҷавонон — барои иттиҳоду ягонагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарону фаъолони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш роҳи 35-солаи фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, саҳми наслҳои гуногуни роҳбарону фаъолони он дар ташаккули ҳаракати ҷавонон, таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Дар қисмати расмии чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқ роҳбарони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва меҳмонони байналмилалӣ сухан намуда, доир ба таърихи ташаккул, дастовардҳо ва дурнамои фаъолияти Иттифоқ андешаҳои худро баён карданд.
Таъкид гардид, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар тӯли сию панҷ соли фаъолият ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими муттаҳидсозии ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созанда, рушди фаъолияти ҷамъиятӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшидааст.
Дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон барои рушди фаъолияти Иттифоқ, таҳкими мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар равандҳои созандагии кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар доираи чорабинии ҷашнӣ собиқадорони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва фаъолони соҳа қадрдонӣ гардида, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол – 2026» ва «Васфи Ватан ва Истиқлол» низ бо ҷоизаҳо ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ филми кӯтоҳ оид ба таърих ва фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон намоиш дода шуда, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ба ҳамоиши ҷашнӣ шукуҳи хос бахшид.
13 октябр барномаи форуми байналмилалӣ дар шаҳри Норак идома ёфт. Дар ин рӯз барои ҳайатҳои хориҷӣ ва иштирокчиёни форум сафари омӯзишию шиносоӣ ба шаҳри Норак ташкил карда шуд.
Хотиррасон мешавем, ки дар ҷараёни сафар меҳмонон бо имкониятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аҳамияти захираҳои обӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва нақши неругоҳҳои барқи обӣ дар истеҳсоли энергияи тоза шинос гардиданд.
Сафари мазкур идомаи амалии мавзуъҳои баррасишудаи форум буда, ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки аҳамияти истифодаи самараноки захираҳои обӣ, рушди энергетикаи сабз ва робитаи мутақобилаи об, энергетика ва рушди устуворро аз наздик дарк намоянд.
Дар маҷмуъ, баргузории Форуми байналмилалии ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон барои ояндаи устувор: об, пиряхҳо ва иқлим», ҳамоиши ҷашнии 35-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва сафари омӯзишӣ ба шаҳри Норак барои таҳкими ҳамкории байналмилалии ҷавонон, рушди дипломатияи ҷавонон ва муаррифии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
