ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 октябр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор қаҳрамони Тоҷикистон–дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи футболи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия барои роҳхат ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бозӣ мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки 20 октябр бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «В» қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бозӣ карда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳисобро дар дақиқаи 38-ум Рустам Соиров боз намуд. Дар дақиқаи 85-ум Алишер Шукуров бо зарба аз беруни майдони ҷаримавӣ голи дуюмро зада, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе се имтиёзи муҳим овард.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар нахустин бозӣ дар гурӯҳи «B»-и Лигаи даъвати КФО-2026/27 аз дастаи футболи «Наҷмеҳ»-и Лубнон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Октябрь 23, 2026 15:10

