ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот барои солҳои 2026-2028» 12 октябр дар мулоқоти роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати миссияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот инчунин оғози фаъолияти «Мактаби содирот»-и назди Агентии содиротро мавриди муҳокима қарор доданд.
Намояндагони миссияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба ҷараёни иҷрои татбиқи барнома ва иқдомҳои минбаъдаи Агентии содирот баҳои баланд дода, аҳамияти лоиҳаҳоро дар рушди бахши хусусӣ ва таҳкими иқтидори содиротии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Дар фарҷом мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои кориро барои иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда мунтазам тақвият бахшанд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 15, 2026 18:00

