ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи амалии Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки роҳи мазкур 3,5 километрро ташкил дода, солҳои дароз барои равуои сокинон мушкилӣ эҷод мекард. Навсозӣ ва мумфаршкунии ин қисмати роҳ бо саҳми арзандаи соҳибкорони бонангу ор ва сокинони деҳот амалӣ карда мешавад. Ин ташаббус на танҳо сифати роҳро беҳтар мегардонад, балки равуои сокинону меҳмонони деҳоти Алмосиро осон намуда, ба беҳтар шудани инфрасохтори деҳот замина мегузорад.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ гуфта шуд, ки обод кардани роҳу пулҳо ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум дар деҳоти дурдаст яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Иброз гардид, ки саҳми соҳибкорону сокинони бонанги Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар корҳои ободонӣ ибратбахш аст. Маҳз бо заҳмати аҳлона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллии мардум дар баробари роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиву байнишаҳрӣ роҳҳои дурдасттарин деҳаҳо низ таъмиру мумфарш карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор
Октябрь 12, 2026 13:33

