ДУШАНБЕ, 15.10.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро баргузор менамояд. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад.
Хотиррасон гардид, ки Тоҷикистон маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷиҳати эълони солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ибтикор намуд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола барои пешбурди муколамаи созандаи байни давлатҳо, фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамоиш ба оғози бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»
Октябрь 15, 2026 16:43
