ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22–23 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 мамлакат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи форум муаррифии имконоти сармоягузории вилояти Хатлон, баррасии самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, мулоқотҳои соҳибкорӣ ва баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ доир гардид.
Пеш аз оғози форум иштирокдорон аз намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дидан карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки «форуми байналмилалӣ барои муаррифии имконоти иқтисодии минтақа, ҷустуҷӯи шарикони нав ва оғози лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ замина фароҳам меорад». Солҳои охир вилояти Хатлон дар заминаи рушди иқтисодии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Агар соли 2020 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 22,1 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли 2025 ин нишондиҳанда ба 49,5 миллиард сомонӣ расид. Давоми панҷ сол ҳаҷми иқтисоди вилоят аз рӯйи арзиши номиналӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Ин раванд соли 2026 низ идома дошта, дар нуҳ моҳи соли 2026 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 37,2 миллиард сомонӣ расидааст. Суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил додааст.
Яке аз масъалаҳои форуми «Хатлон Инвест-2026» муаррифии имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ буд. Вилояти Хатлон бо захираҳои фаровони замин, иқлими мусоид ва имконияти гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин дар як сол аз минтақаҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат маҳсуб мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки беш аз 60 фоизи маҳсулоти асосии кишоварзии ҷумҳурӣ дар Хатлон истеҳсол мешавад.
Яке аз мавзуъҳои асосии форум «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ» буд. Дар он масъалаҳои такмили заминаи қонунгузории тухмипарварӣ, кишоварзии органикӣ, тавонмандсозии занони деҳот, рушди чорводорӣ, занҷираи арзиши иловашуда дар агробизнес, таъсиси марказҳои агрологистикӣ ва рақамикунонии кишоварзӣ муҳокима шуданд.
Ҳамчунин дар форум ба рушди саноати нассоҷӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои асосии пахтакории мамлакат буда, соли 2025 дар он зиёда аз 300 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ ва беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шудааст. Ба иттилои масъулин, ҳамагӣ 22 фоизи нахи пахта дар дохили минтақа коркард мешавад. Аз ин рӯ, коркарди амиқи пахта ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ муайян гардидааст.
Дар ин замина ба сармоягузорон пешниҳод гардид, ки имконоти таъсиси корхонаҳои муштарак, амалӣ намудани технологияҳои муосир ва ташкили истеҳсолоти рақобатпазири нассоҷиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Ҳамзамон саноат яке аз самтҳои дигари асосии форуми сармоягузорӣ буд. Дар вилояти Хатлон барои рушди саноати масолеҳи сохтмон ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ низ имконияти назаррас мавҷуд аст. Дар вилоят шаш корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошта, иқтидори умумии солонаи онҳо тақрибан 3,4 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ҷалби сармоя барои истеҳсоли намудҳои нави масолеҳи сохтмонӣ, навсозии корхонаҳои амалкунанда ва амалӣ намудани технологияҳои каммасраф аз самтҳои пешниҳодшуда мебошад.
Иштирокдорони форум оид ба мавзуи «Соҳаи саноат — омили асосии рушди иқтисодиёт ва заминаи мусоид барои сармоягузорон» мубодилаи афкор намуданд.
Имрӯз, 23 октябр иштирокдорони форум аз шаҳри Норак ва Фестивали «Анор», инчунин аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид намуданд.
Дар доираи форум мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон низ доир гардид.
Форуми «Хатлон Инвест-2026» майдони муаррифии имконоти иқтисодии минтақа, табодули таҷриба, баррасии масъалаҳои муҳимми сармоягузорӣ ва ташкили робитаҳои мустақим байни соҳибкорон мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
