ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Касбу ҳунаромӯзӣ яке аз омилҳои муҳими омодасозии насли наврас ба ҳаёти мустақилона буда, барои рушди қобилият, таъмини зиндагии шоиста ва интихоби дурусти роҳи оянда замина мегузорад. Дар шароити имрӯза зарурати омӯзиши ҳунарҳои амалӣ беш аз пеш эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар муассисаҳои таълимӣ метавонад дар шинос намудани хонандагон бо касбу ҳунарҳои гуногун ва ташаккули малакаҳое, ки дар зиндагии ҳаррӯза ва фаъолияти минбаъдаи онҳо муҳиманд, нақши муассир дошта бошад.
Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, аҳаммияти фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар он зоҳир мегардад, ки хонанда натиҷаи дониш ва меҳнати худро дар амал мебинад. «Вақте кӯдак бо дастони худ чизе месозад, таъмир мекунад, маҳсулот омода менамояд ё истифодаи дурусти асбобу таҷҳизотро меомӯзад, дар ӯ ҳисси мустақилият, эътимод ба қобилияти худ ва эҳтиром ба меҳнат ташаккул меёбад», -гуфт Шавкат Каримзода.
Ба андешаи директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм, набояд аз ин фан интизор шуд, ки ҳар хонанда дар давраи таҳсил дар мактаб аллакай соҳиби касби муайян мегардад. Вазифаи асосии он фароҳам овардани замина барои ҳунаромӯзӣ, ошкор намудани шавқу қобилияти хонандагон ва шинос намудани онҳо бо олами касбу ҳунар мебошад. Муҳим он аст, ки хатмкунандаи мактаб дар баробари саводи умумӣ малакаҳои одитарини меҳнатӣ ва зиндагӣ низ дошта бошад.
Мазмун ва ҳадафи фанни таълими меҳнат
Шавкат Каримзода изҳор медорад, ки мазмун ва ҳадафи фанни мазкур аз ибтидо ба омӯзиши амалии меҳнат равона гардидааст. Дар доираи он хонандагон бояд бо мавод, асбобу таҷҳизот, тарзи иҷрои корҳои гуногун, қоидаҳои бехатарӣ ва асосҳои фаъолияти меҳнатӣ шинос шаванд. Яъне хусусияти ин фан тақозо менамояд, ки донишҳои назариявӣ бевосита бо фаъолияти амалӣ пайваст бошанд.
Аммо бояд як масъаларо ба назар гирифт: мавҷуд будани мавзуъҳои амалӣ дар барномаи таълимӣ ҳанӯз маънои онро надорад, ки ҳамаи хонандагон малакаҳои пешбинишударо пурра азхуд мекунанд. Барои расидан ба чунин натиҷа шароити зарурии таълимӣ, таҷҳизот, маводи корӣ ва омӯзгори дорои омодагии касбӣ зарур аст.
«Ба андешаи ман, имрӯз зарур аст, ки ҳангоми такмили барномаҳои таълимӣ ба натиҷаи воқеии омӯзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Масалан, агар хонанда мавзуи дӯзандагиро меомӯзад, бояд тавонад амали одии дӯзандагиро мустақилона иҷро кунад. Агар бо коркарди чӯб шинос мешавад, бояд тарзи истифодаи бехатари асбобҳои одиро донад ва маҳсулоти сода омода карда тавонад.
Ба ибораи дигар, меъёри асосии натиҷабахшии ин фан бояд он бошад, ки хонанда баъди анҷоми омӯзиш чӣ корро мустақилона иҷро карда метавонад», -изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.
Ба роҳ мондани омӯзиши амалии ҳунарҳо
Тавре иброз гардид, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши амалии фанни технология тавассути кабинетҳои таълимӣ, устохонаҳо ва таҷҳизоти мавҷуда ташкил карда мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои омӯзиши дӯзандагӣ, корҳои рӯзгордорӣ, коркарди мавод ва дигар намудҳои фаъолияти меҳнатӣ шароити зарурӣ мавҷуд аст.
Омӯзиши фанни «Технология (таълими меҳнат)» бо назардошти хусусияти синнусолии хонандагон, мазмуни барномаҳои таълимӣ ва имконияти муассисаҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар доираи машғулияти амалӣ хонандагон бо асосҳои дӯзандагӣ, пухтупаз, коркарди чӯбу металл, ҳунарҳои мардумӣ, рӯзгордорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти меҳнатӣ шинос шуда, тарзи истифодаи асбобу таҷҳизот, қоидаҳои бехатарӣ ва омода намудани маҳсулоти гуногунро меомӯзанд. Барои ин аз кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ, таҷҳизоти мавҷуда ва маводи дастрас истифода бурда мешавад. Ҳамзамон ташкили маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, намоишгоҳҳои корҳои дастии хонандагон ва озмунҳои эҷодӣ имконият медиҳад, ки онҳо қобилияту истеъдоди худро бештар инкишоф диҳанд.
Дар ин раванд ба истифодаи таҷрибаи ҳунармандони мардумӣ низ аҳаммият дода мешавад. Зеро ҳар минтақаи Тоҷикистон дорои анъанаҳои ғании ҳунармандӣ мебошад ва муассисаҳои таълимӣ метавонанд аз ин имконият барои омӯзиши амалии хонандагон самаранок истифода баранд.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то дарсҳои таълими меҳнат танҳо ба омӯзиши назариявӣ маҳдуд нашуда, хонандагон воқеан соҳиби ҳунар гардида, дар оянда аз он барои таъмини зиндагии худ истифода бурда тавонанд?
Ба назари Шавкат Каримзода, дар ин самт, пеш аз ҳама, муносибатро ба худи фан тағйир додан зарур аст. Дарси таълими меҳнат бояд дарсе бошад, ки хонанда дар он бештар амал кунад, таҷриба омӯзад, созад ва натиҷаи кори худро бинад. Агар омӯзиши фан танҳо бо хондани мавзуъ, навиштани маълумот ва ҷавоб додан ба саволҳо маҳдуд гардад, мо ба ҳадафи асосии он расида наметавонем.
«Дар низоми таҳсилоти умумии мамлакат ба омӯзиши амалии фанни «Технология (таълими меҳнат)» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, раванди таълим ба ташаккули малакаҳои воқеии меҳнатӣ ва ҳунаромӯзии хонандагон равона карда шудааст. Мақсади асосӣ аз он иборат аст, ки хонандагон донишҳои гирифтаашонро дар амал истифода бурда, тавассути иҷрои корҳои мустақилона таҷриба ва маҳорати зарурӣ пайдо намоянд. Бо ҳамин мақсад дар барномаҳои таълимии фан иҷрои корҳои амалӣ, омода намудани маҳсулоти гуногун, истифодаи асбобу таҷҳизот ва азхуд намудани усулҳои одии касбу ҳунар пешбинӣ гардидааст», -мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Зимни гузаронидани машғулият хонандагон имконият доранд, ки малакаҳои дӯзандагӣ, пухтупаз, коркарди мавод, рӯзгордорӣ ва дигар корҳои зарурии зиндагиро азхуд намоянд. Омӯзгорон низ кӯшиш менамоянд, ки раванди таълимро бо фаъолияти мустақилонаи хонандагон, иҷрои супоришҳои амалӣ ва корҳои эҷодӣ пайваст намоянд.
Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо марказҳои ҳунаромӯзӣ
Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо марказҳои ҳунаромӯзӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, устоҳои мардумӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сифати омӯзиши амалии хонандагон мебошад.
Ба назари Шавкат Каримзода чунин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки хонандагон бо муҳити воқеии меҳнат, хусусияти касбу ҳунарҳои гуногун ва фаъолияти мутахассисон аз наздик шинос шаванд. Зеро шиносоӣ бо касб тавассути китоб як масъала аст, дидани фаъолияти усто ё мутахассис дар ҷойи кор ва иштирок дар иҷрои корҳои одии амалӣ таҷрибаи дигар мебошад.
«Дар ин самт истифодаи имконияти маҳалҳо аҳаммияти калон дорад. Масалан, мактаб метавонад бо коргоҳи дӯзандагӣ, устохонаи дуредгарӣ, маркази ҳунарҳои мардумӣ ё корхонаи истеҳсолии ҳудуди худ ҳамкорӣ намояд. Ташкили вохӯриҳо бо ҳунармандон, саёҳатҳои таълимӣ, машғулияти намунавӣ ва маҳфилҳои касбомӯзӣ метавонанд шавқу рағбати хонандагонро ба меҳнат зиёд намояд.
Албатта, чунин ҳамкорӣ бояд хусусияти мунтазам ва мақсаднок дошта бошад. Зарур аст, ки он дар нақшаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҷойгоҳи муайян пайдо кунад ва натиҷааш барои рушди малакаҳои хонандагон хизмат намояд. Дар айни замон ҷалби хонандагон ба чунин фаъолият бояд бо риояи талаботи бехатарӣ ва хусусияти синнусолии онҳо амалӣ гардад»,- изҳор медорад директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ.
Баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба касбомӯзӣ
Такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот, таҳкими равияи амалии омӯзиш ва омода намудани хонандагон ба ҳаёти мустақилона аз масъалаҳои муҳимми рушди низоми маориф ба ҳисоб мераванд. Дар ҳамин замина таҷдиди назар ба мазмуни фанни «Технология (таълими меҳнат)» низ аҳаммияти хос дорад.
Дар раванди такмили барномаҳои таълимӣ зарур аст, ки талаботи муносибати босалоҳият, хусусияти синнусолии хонандагон, имконияти муассисаҳои таълимӣ ва талаботи муосири ҷомеа ба назар гирифта шаванд.
Ба андешаи мутахассис, дар ин самт бояд ба се масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад: навсозии мазмуни таълим, тақвияти омодагии касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти амалӣ.
Ҳамчунин баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба ҳунаромӯзӣ танҳо аз ҳисоби тағйир додани барнома имконпазир нест. Зарур аст, ки дар мактабҳо намоишгоҳҳои корҳои эҷодии хонандагон, озмунҳои ҳунармандӣ, маҳфилҳои техникӣ ва дигар чорабиниҳои амалӣ бештар ташкил карда шаванд.
Хонанда вақте мебинад, ки маҳсули меҳнати ӯ қадр карда мешавад ва донишҳои омӯхтааш дар зиндагӣ истифода мешаванд, муносибаташ ба фан низ тағйир меёбад. Маҳз ҳамин омил метавонад шавқу рағбати ӯро ба интихоби касб ва идомаи ҳунаромӯзӣ тақвият бахшад.
Барномаи таълимии ин фан
Ба назари Шавкат Каримзода, ҳангоми муайян намудани мазмуни фанни технология бояд ду масъалаи муҳимро ба назар гирем: ҳифз ва рушди ҳунарҳои анъанавии миллӣ ва омӯзиши малакаҳое, ки барои зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дар шароити муосир заруранд. Ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, коркарди чӯб, омода намудани маҳсулоти дастӣ ва дигар намудҳои ҳунармандӣ қисми муҳими фарҳанг ва таҷрибаи меҳнатии халқи мо мебошанд. Шинос намудани хонандагон бо ин ҳунарҳо барои тарбияи меҳнатдӯстӣ, рушди завқи зебоипарастӣ ва эҳтиром ба мероси миллӣ аҳаммияти калон дорад.
«Ҳамзамон рушди технологияҳои муосир тақозо менамояд, ки мазмуни ин фан тадриҷан бо самтҳои нави омӯзиш ғанӣ гардонида шавад. Аз ҷумла, омӯзиши асосҳои тарҳрезии техникӣ, моделсозӣ, истифодаи асбобҳои рақамӣ, робототехникаи одӣ, чопи сеандоза (3D), корҳои одии электротехникӣ, истифодаи оқилонаи энергия ва коркарди дубораи мавод метавонад ба рушди тафаккури техникӣ ва эҷодии хонандагон мусоидат намояд. Дар баробари ин ба омӯзиши малакаҳои амалии рӯзгор, аз қабили омода намудани ғизо, истифодаи дурусти таҷҳизоти маишӣ, таъмири одии ашё, нигоҳубини муҳити зист, банақшагирии хароҷоти рӯзгор ва сарфакорона истифода бурдани захираҳо низ бояд аҳаммият дода шавад», -изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.
Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода таъкид намуд, ки яке аз самтҳои ояндадор омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ мебошад. Хонанда бояд тадриҷан дарк кунад, ки чӣ гуна аз як идея маҳсулот ба вуҷуд меояд, барои омода намудани он чӣ қадар мавод ва хароҷот зарур аст ва маҳсули меҳнат чӣ гуна арзиши иқтисодӣ пайдо мекунад.
Албатта, ҳамаи ин самтҳо маънои онро надоранд, ки онҳо аллакай пурра дар барномаи амалкунандаи фан ҷой дода шудаанд. Қисме аз онҳо самтҳои пешниҳодшавандаи такмили минбаъдаи мазмуни таълим мебошанд, ки татбиқашон омӯзиши имконияти муассисаҳо, омодагии омӯзгорон ва таъмини таҷҳизоти заруриро талаб мекунад.
«Ҳадафи асосии мо бояд он бошад, ки хонанда пас аз хатми мактаб дар баробари донишҳои умумӣ соҳиби малакаҳои зарурии зиндагӣ, фарҳанги меҳнат, қобилияти эҷодкорӣ ва тасаввуроти дуруст дар бораи интихоби касби оянда гардад», -афзуд ҳамсуҳбати мо.
Воқеан, мактаб бояд инсоне тарбия намояд, ки ба қувва ва қобилияти худ эътимод дорад, арзиши меҳнатро медонад, аз иҷрои корҳои амалӣ намеҳаросад ва метавонад донишҳои омӯхтаашро барои беҳтар намудани зиндагии худ ва рушди ҷомеа истифода барад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
