ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр, соати 09:30 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Анҷумани мазкур иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст. Анҷуман аз панҷ бахш иборат буда, бахшҳои он мавзуъҳои «Таърихи забон ва масъалаҳои марбут ба он», «Забон дар замони ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва ҳуши маснуӣ», «Масоили мубрами забоншиносӣ дар замони истиқлол» ва «Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон»-ро фаро мегиранд.
Дар доираи Анҷумани сеюми забоншиносон саёҳати меҳмонон-иштирокдорон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.
Забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, ба мисли Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.
Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксарияти сокинони ин мамлакат буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Он пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ таъмин менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз
Октябрь 15, 2026 17:40
