ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!», ки ба муносибати Рӯзи соҳибкорон- 14 октябр дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳадафи озмун ҳавасмандгардонии ташаббусҳои муваффақи соҳибкорӣ, рушди фаъолияти тиҷоратӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои ватанӣ ва эътирофи саҳми бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
Ғолибон аз рӯи 16 номинатсия, ки соҳаҳои калидии иқтисодиёт, аз ҷумла бонкдорӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, сохтмон, рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК), сайёҳӣ, савдо ва хизматрасониро фаро мегиранд, муайян карда шуданд.
Дар номинатсияи «Бонкдорӣ» ҷойи аввал ба ҶСК «Ориёнбонк», ҷойи дуюм ба ҶСК «Бонки Эсхата» ва ҷойи сеюм ба КВД «Саноатсодиротбонк» дода шуд. Дар номинатсияи «Рақамикунонӣ» ҶСК «Алиф Бонк» ҷойи аввалро ишғол намуда, ҶДММ «IT Service» ва ҶДММ «Технологияи зеҳни сунъӣ» мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ба даст оварданд.
Дар соҳаи истеҳсолот ҷойи аввал ба ҶДММ «Арвис», дар саноати хӯрокворӣ ба ҶДММ «Акома», дар соҳаи нақлиёт ба ҶДММ «Akia Avesto Automotive Industry», дар соҳаи энергетика ба ҶСК «ТГЭМ» ва дар соҳаи кишоварзӣ ба ҶДММ «Мармарӣ» дода шуд.
Дар озмун ҳамзамон ба дастгирии соҳибкорони ҷавон, занон ва тиҷорати аз лиҳози иҷтимоӣ масъулиятнок таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкори ҷавон» ҷойи аввал ба ҶДММ «Бозоршинос» ва дар номинатсияи «Беҳтарин зани соҳибкор» ба ҶДММ «Бунёди ҷаҳони орзуҳои шумо», дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор-хайрхоҳ» ба ҶСП «Заводи таҷрибавии механикии Норак»дода шуд.
ҶДММ «Ақиқа» дар бахши фарҳанг ва сайёҳӣ, ҶДММ «Таком» дар соҳаи инноватсия, ҶСП «Индиго Тоҷикистон» дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ҶДММ «Себистон-2018» дар соҳаи сохтмон ва ҶДММ «Реал Трейдинг» дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ ғолиб дониста шуданд.
Дар номинатсияи «Саноати истихроҷ» ҷойи аввал ба ҶСК «Комбинати коркарди маъдани Адрасмон» насиб гардид.
Ҷоизаҳоро ба ғолибон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориданд.
Озмуни «Соҳибкори сол – 2026» чорабинии калидии Форуми «Тоҷикистон, ба пеш!» арзёбӣ гардида, ҳадафи он эътирофи дастовардҳои соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва тақвияти нақши бахши хусусӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 14, 2026 16:05
