ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Ҳадафи баргузории чунин ҳамоиш фароҳам овардани фазои мусоид барои табодули афкор, баррасии масъалаҳои муҳими рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории иқтисодӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар доираи муколама иштирокдорон доир ба имкониятҳои нави ҳамкорӣ, рушди ташаббусҳои соҳибкорӣ ва тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуда, роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки соҳибкорию сармоягузориро баррасӣ намоянд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, тақвияти робитаҳои соҳибкорон ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» идома дорад.
Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» майдони васеи муколама, ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти нави соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Барномаи форум самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва соҳибкории муосирро фаро гирифта, аз форуми давлат ва бахши хусусӣ, форуми сармояи венчурӣ, G10 Insight Forum 2026, чорабиниҳои параллелӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкории ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат мебошад. Форум инчунин барои муколамаи мустақим, табодули таҷриба, муаррифии лоиҳаҳо, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва шарикии дарозмуддат фазои мусоид фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 15, 2026 10:40
