22 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон мулоқот намуданд.
***
11 сол пеш, 22 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоил оид ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.
***
22 октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» суханронӣ намуда, ҳамчунин дар доираи он бо як гурӯҳ меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ-иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду мамлакат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
22 октябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
22 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.
***
Ҷашни турнаҳои сафед дар Доғистон.
***
Дар Федератсияи Русия — Рӯзи хизмати молиявию иқтисодии Қувваҳои мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲО:
22 октябри соли 1797 ҳавонаварди фаронсавӣ Андре Жак Гарнерен бори аввал дар ҷаҳон тавассути кураи ҳавоӣ аз баландии 1000 метр ба замин фуруд омад.
***
22 октябри соли 1993 Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил шуд.
***
22 октябри соли 2001 олими рус магнити органикӣ ихтироъ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
***
22 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 65-солагии таъсиси радиои бурунмарзии Тоҷикистон – «Овози тоҷик» ҷамъомад доир шуд.
***
22 октябри соли 2016 филми кӯтоҳмуддати «Коса»-и коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии «Open Central Asia International Arts Festival» дар Лондон ҷоиза ба даст овард.
***
22 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид.
***
22 октябри соли 2021 дар толори варзишии Муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба панкратиони муосир байни наврасон ва ҷавонон доир гардид. Дар ҳисоби даставӣ дастаи Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи якумро соҳиб шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1938 ихтироъкори амрикоӣ Честер Карлсон дастгоҳи ихтироънамудаи худро барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошт.
***
Соли 1966 Иттиҳоди Шуравӣ моҳвораи «Луна-12»-ро ба кайҳон фиристод.
Октябрь 22, 2026 08:00
