ДУШАНБЕ, 24.10.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Ҷаводӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи куҳан, тамаддуни бостонӣ ва мероси ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муҳсин Ҷаводӣ толорҳои намоишии осорхонаро тамошо намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи санъати тасвирӣ ва ороишию амалӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос гардид.
Ба меҳмон оид ба таърихи пайдоиш, арзиши илмӣ ва фарҳангии нигораҳо, марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории тоҷикон ва нақши тамаддуни ниёгон дар рушди фарҳанги минтақа маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Эронро пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонӣ ва адабӣ ба ҳам мепайванданд, ки дар густариши ҳамкории фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои муштараки тамаддунӣ нақши муҳим доранд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Октябрь 24, 2026 14:30

