ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён ва номгузорӣ намудани он мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, аз натиҷаи он ба Маҷлиси миллӣ хулоса пешниҳод гардид.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 12, 2026 16:15
