ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Мақсад аз таъсиси ин сана муаррифии дастовардҳои соҳаи кино дар замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва инъикоси анъана, расму оинҳои миллӣ ба воситаи кинои ватанӣ мебошад.
– Рушди кинои миллӣ таҳти таваҷҷуҳу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат барои пешрафти ин соҳа тадбирҳои мушаххас меандешад.
Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кино ва тақвияти нақши он дар боло бурдани маънавиёти ҷомеа, махсусан тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд санади муҳим, аз ҷумла қарорҳо ва барномаҳои давлатии рушд қабул ва амалӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо истеҳсол ва таҳияи филмҳои муосири ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ ва филмҳои бачагона афзоиш ёфта, шумораи онҳо нисбат ба солҳои пешин чандин маротиба зиёд гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода иттилоъ дод, аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм, аз ҷумла 55 филми ҳунарӣ, 37 филми кӯтоҳи ҳунарӣ, 209 филми мустанад ва 12 филми тасвирӣ ба навор гирифта шудааст. Ин рақамҳо аз густариши истеҳсоли маҳсулоти синамоӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шаҳодат медиҳанд.
Истиқлоли давлатӣ барои синамои тоҷик марҳилаи нави таърихиро оғоз намуд. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои синамогарон давраи ҷустуҷӯ, мутобиқшавӣ ба шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи анъанаҳои мактаби миллии кино ба шумор равад, дар солҳои минбаъда мазмуну муҳтавои филмҳо тадриҷан васеъ гардида, мавзуъҳои таърих, фарҳанг, худшиносии миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, меҳнати созанда, муҳаббат, оила, тарбияи насли наврас ва дастовардҳои даврони истиқлол бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
«Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» – идомаи рушди синамои миллӣ
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» татбиқ мегардад, ки барои рушди инфрасохтори соҳа, тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва фаъолияти самараноки кинои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати филмҳо ва ҷавобгӯ сохтани он ба талаботи замони муосир соҳаи кино пайваста бо мутахассисону кадрҳои баландихтисос ва таҷҳизоти техникии муосири филмбардорӣ таъмин мегардад. Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи он аст, ки соҳаи кинои миллӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардида, дар ҳифз ва инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик нақши муҳим мебозад.
Яке аз ҳадафҳои барнома омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи кинои миллӣ мебошад. Дар ин замина бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Агентии федералии Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов (ВГИК) барои довталабон аз Тоҷикистон коргоҳи махсуси ҳунарпешагӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин замина ҷавонони соҳибзавқ тоҷик тавассути бурсияҳои таълимӣ имкони таҳсил дар ин донишгоҳро пайдо намуданд. Ин иқдом ба рушди неруи инсонӣ дар соҳаи кинои миллӣ мусоидат карда, барои боло бурдани мақому манзалати кинои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Солҳои охир тавассути татбиқи ин барнома филмҳои зиёде аз ҷониби ҷавонон таҳия ва бо маблағгузории давлатӣ ба навор гирифта шуданд. Имрӯз аксари филмҳои кӯтоҳметраж ва мустанаде, ки аз ҷониби ҷавонон таҳия мешаванд, дар доираи ин барнома маблағгузорӣ мешаванд.
Барномаи рушди кино ҳамчунин ба тақвияти ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо барои истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи кинои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмиллалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамояд.
Муддати амали барнома панҷ сол ва нақшаи амали он ду марҳила (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2027)-ро дар бар мегирад. Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар соли 2026 ҷиҳати амалишавии «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳияву наворбардории 2 филми ҳунарии пурра, 4 филми мустанад, 2 филми ҳунарии кутоҳ, 2 филми тасвирӣ, тарҷума ва дубляжи 10 филми хориҷиро ба нақша гирифтааст.
Аз ҷумла, имсол дар доираи амалишавии барнома филми ҳунарии «Ошёни меҳр», «Моҳӣ барои Черчилл», «Решаҳо», силсилафилми «Хуршеду моҳ», филми мустанади «Хуттали қадим», «Қудрати ваҳдат», «Ҳафт рукни Истиқлол», «Истиқлол», «Робиаи Балхӣ» филми аниматсионӣ «Пайғом» ва «Сайёд» истеҳсол карда шуд.
Платформаи миллии «tojikfilm.tv» дастрасӣ ба филмҳои муосир
Соли 2026 дар мамлакат бо мақсади дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» платформаи нави рақамии миллӣ «tojikfilm.tv» дода шуд. Он ба муаррифии синамои тоҷик дар ҷомеа нигаронида шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои ин платформа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
Платформаи миллӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд. Тавассути ин платформа сокинони мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо кунанд.
Дар платформа филмҳои бадеӣ, мустанад, классикаи синамои тоҷик ва филмҳои муосири соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дӯстдорони синамои тоҷик имкон доранд филмҳои миллиро дар ин платформа онлайн тамошо кунанд.
Кинои тоҷик тӯли фаъолият симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштааст ва имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
