ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабиниҳо.
Дар ҷашнгоҳ деҳқонони ҷумҳурӣ аз минтақаҳои гуногуни мамлакат навъҳои гуногуни биринҷ ва дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Инчунин дар макони баргузории ҷашн дегҳои зиёди оши палав меистоданд. Шоҳи таомҳо-оши палавро дар ин дегҳо ошпазони машҳури минтақаҳои гуногуни мамлакат омода намуда буданд. Оши ҳар минтақа хусусиятҳои хоси худро дошт ва яке аз дигаре зеботару лазизтар ба назар менамуд. Ошпазони моҳир ба иштирокдорон оид ба тарзи омода намудани оши палав дар минтақаи худ маълумот медоданд.
Қисмати муҳими чорабиниро намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷи ватанӣ ташкил дод. Кишоварзон аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор маҳсули дастранҷи худро бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон намуданд. Дар ҷашнгоҳ навъҳои зиёди биринҷ ба намоиш гузошта шуданд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ кишти шолӣ дар майдони зиёда аз 13 ҳазор гектар ва кишти такрории шолӣ дар беш аз 11 ҳазор гектар гузаронида шуд. То 1 октябри соли равон 24 ҳазору 452 тонна аз кишти асосӣ ва 18 ҳазору 825 тонна аз кишти такрорӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ин рӯз олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дастовардҳои нав ва тавсияҳои илмии худро оид ба парвариш, нигоҳубин ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироати шолӣ ба тамошобинону деҳқонон манзур гардониданд.
Аз сабқати ошпазӣ то ошхӯрӣ
Омода намудани оши палав агар барои ошпазон, ки онро мепазанд, санъат бошад, барои онҳое, ки ҷараёни пухтани онро назорат мекунанд, — ҳаловати ҳақиқист.
Дар доираи фестивал ошпазони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар дегҳои бузург намудҳои гуногуни оши палав, ки хоси ҳар як минтақаи Тоҷикистон аст, омода ва пешкаш намуданд. Меҳмонон имкон доштанд, ки аз палавҳои омоданамуда чашида, ба маҳорати ошпазон баҳо диҳанд. Дар баробари оши палав, инчунин дигар таомҳои миллие, ки аз биринҷ омода мешаванд, монанди ширбиранҷ, шавла ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби Фестивали «Оши палав» ин «Ошхӯри беҳтарин» мебошад. Иштирокчиён бояд дар вақти муайяншуда (ё сонияҳо) табақи ошро то охир холӣ кунанд. Нафаре, ки аввалин шуда ошро тамом мекунад, соҳиби унвони «Ошхӯри беҳтарин» мегардад.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Оши палав» муаррифии фарҳанги дастархондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Оши палав дар Тоҷикистон хӯроки оддӣ нест. Ниёгони мо, тоҷикон бар он назаранд, ки оши палав хӯроки анъанавӣ буда, дар байни халқамон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама «шоҳи таомҳо» меноманд.Ин хӯроки анъанавиест, ки қисми мероси фарҳанги умумии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар Тоҷикистон беш аз 60 намуди палав пухта мешавад. Таркиби ин ош аз маҳсулоти гуногун иборат аст, вале он асосан аз биринҷ, гӯшт, сабзӣ, пиёз ва иловаҳо омода мегардад.
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳирҷон САИДЗОДА (АКС)
АМИТ «Ховар»
