ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар шаҳри Батуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, инчунин, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитариро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 24, 2026 08:50

