ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокдорони Форуми байналмилалии ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай аз толори ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Оосрхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зимни боздид ба меҳмонон оид ба ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо маълумот пешниҳод гардид.
Иштирокдорони форум аз аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ки ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини дастрасӣ ба оби тоза, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби ошомиданӣ равона шудаанд, огоҳ гардиданд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи меҳмонон ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ва талошҳои кишвар барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ ҷалб карда шуд.
Боздиди иштирокдорони форум аз толори мазкур барои густариши донишҳои онҳо дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои кишвар ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай заминаи мусоид фароҳам овард. Чунин боздидҳо барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо аҳаммияти муҳим доранд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Октябрь 12, 2026 16:27
