ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷомеаи муосир, ба хусус давлатҳои рӯ ба инкишоф волоияти қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолат аз ҷумлаи арзишҳои бунёдии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон дар радифи чунин давлатҳо қарор дорад. Амалӣ гардидани ин арзишҳо на танҳо аз мукаммал будани низоми қонунгузорӣ ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, ба хусус мақомоти судӣ, балки аз сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла доштани маърифати баланди ҳуқуқӣ низ вобастагии муҳим дорад.
– Шаҳрванде, ки ҳуқуқу озодиҳои худро медонад ва уҳдадориҳои конститутсиониро дарк менамояд, албатта, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром мекунад ва дар таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар саҳми арзанда мегузорад. Тавре дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Маҳз бо назардошти чунин аҳамият масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии марзҳо имрӯз аз доираи масъалаҳои дохилии давлатҳо берун рафтааст ва он ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалии миллатҳо табдил ёфтааст.
12 декабри соли 2025 дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи 61-уми пленарӣ доир шуд. Дар он қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул карда шуд. Ин пешниҳод аҳамияти бузурги байналмилалӣ дорад ва ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, пешбурди ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба адолат ва таҳкими волоияти қонун равона шудааст.
Маърифати ҳуқуқиро унсури муҳими ҷомеаи ҳуқуқбунёди дилхоҳ давлат донистан зарур аст. Зеро он дониш аст, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мебошад, ки ба ӯ имконият медиҳад ҳуқуқу озодиҳои худро бишиносад, уҳдадориҳои худро иҷро намояд ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ рафтори қонунии худро дар доираи талабот амалӣ гардонад.
Аммо маърифати ҳуқуқиро набояд танҳо ба донистани қонунҳо маҳдуд карда бошем. Маърифати воқеии ҳуқуқиро метавонем дар ҳамбастагии се унсур ифода намоем:
– донистани ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои қонунӣ;
– эҳтиром гузошан ба Конститутсия, қонун ва ҳуқуқи инсон;
– қобилияти истифода намудани донишҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти воқеӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо дар доираи талаботи қонун.
Аз ин нуқтаи назар, маърифати ҳуқуқиро қисми таркибии фарҳанги умумии инсон номида, ҳамчун заминаҳои муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон онро дар ҷомеа амалӣ намудан ҷоиз мебошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро дар ҷомеа воситаи асосии иттилоотонии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, таъмини риояи қонунҳо ва пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд медонад. Эълон гардидани соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ таҷрибаи муҳим дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва аҳамияти рамзӣ ва ҳуқуқии хоси худро доро буд. Дар доираи он масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, эҳтиром ба қонун ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тавонист барои рушди ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи арзишҳои умумии ҳуқуқи инсон аҳамияти муҳим дошта бошад. Бешубҳа, яке аз ин арзишҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар радифи конститутсияҳои беҳтарин дониста шудааст ва онро метавон ҳамчун асоси маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа эълон намоем. Маърифати ҳуқуқии шаҳрванд бояд аз шиносоӣ бо Конститутсия ва дарки меъёрҳои он оғоз гардад.
Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки санади муайянкунандаи асосҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд. Мутобиқи моддаи 42 ҳар шахс вазифадор аст ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Ин меъёрҳо робитаи ногусастании ҳуқуқ ва масъулиятро ифода мекунанд. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ бояд шаҳрвандро на танҳо бо ҳуқуқҳои худ, балки бо масъулияти бузург дар назди ҷомеа ва давлат низ шинос намояд.
Яке аз самтҳои марказии Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таъкид менамояд, ки маърифати ҳуқуқӣ бояд ба баланд бардоштани огоҳии инсон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, дастрасӣ ба адолат ва пешбурди волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат намояд. Дар дилхоҳ ҷомеае, ки шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро намедонанд, имконияти истифодаи пурраи механизмҳои ҳуқуқии ҳимоя маҳдуд мегардад ва мавриди танқид қарор мегирад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа таъмин гардида, хусусан занон, кӯдакон ва шахсони дар ҳолатҳои осебпазир қарордошта ба иттилоотонӣ дастрасӣ доранд ва ба шарҳу тафсири ҳуқуқҳояшон ҳатман ба воситаи ёрии ҳуқуқии ройгон истифода мебаранд.
Илова бар ин, дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва рушди маърифати ҳуқуқӣ мақомоти судӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Фаъолияти судӣ барои ҷомеа аҳамияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки маърифатӣ низ дорад. Қарорҳои судӣ, шарҳу тавзеҳи масъалаҳои ҳуқуқӣ, баргузории вохӯриҳо ва семинарҳо метавонанд ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавононро дар шароити имрӯза яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дониста, баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии ҷавононро дар мадди аввал гузоштааст. Ҷавонон қисми фаъоли ҷомеа буда, ояндаи давлат ва ҷомеа аз ҷаҳонбинӣ, дониш ва масъулиятшиносии онҳо вобастагии зиёд дорад.
Аз ин рӯ, омӯзиши ҳуқуқ бояд танҳо ба азхудкунии назарияи ҳуқуқӣ маҳдуд нашуда, масъалаҳои ҳуқуқи инсон, фарҳанги конститутсионӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва роҳҳои қонунии ҳалли баҳсҳоро низ дар бар гирифта бошад. Тарбияи ҷавонони ҳуқуқдон ва масъулиятшинос яке аз шартҳои муҳими таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Донистани технологияҳои муосир дар шароити рақамикунонӣ талаботи аввалиндараҷаи ҷомеаи имрӯза маҳсуб шуда, барои рушди маърифати ҳуқуқӣ дар ин самт дар Тоҷикистон шароит ва имконияти нав фароҳам оварда шудааст. Имрӯз шаҳрвандон тавассути захираҳои электронии мақомоти давлатӣ, пойгоҳҳои қонунгузорӣ ва сомонаҳои расмӣ ба санадҳои ҳуқуқӣ дастрасӣ васеъ доранд. Ҳамзамон муҳити рақамӣ масъалаҳои навро ба миён гузошта, паҳн гардидани маълумоти нодуруст ё тафсири ғайрикасбии қонун метавонад боиси ташаккули тасаввуроти нодурусти ҳуқуқӣ дар ҷомеа гардад. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқии муосир бо саводи рақамӣ ва қобилияти муайян намудани манбаъҳои расмии иттилооти ҳуқуқӣ ҳамбастагӣ дорад.
Дар Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – заминаи ҳамкории давлатҳо руш карда, соли 2027 метавонад барои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ имконияти нав фароҳам оварад.
Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзо, сохторҳои низоми ин созмон, ташкилоти минтақавӣ ва зерминтақавӣ, муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон ва дигар ҷонибҳоро ба рушди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ даъват мекунад. Ҳамчунин ба мубодилаи таҷриба ва таҷрибаҳои пешқадам таваҷҷуҳ дода шуда истодааст. Баргузории конференсияҳои байналмилалӣ, форумҳо, машғулият, даврҳои омӯзишӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муштарак ва мубодилаи таҷрибаи мақомоти судӣ метавонанд ба татбиқи ҳадафҳои Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ мусоидат намояд. Зеро волоияти қонун бе фарҳанги баланди ҳуқуқии ҷомеа наметавонад ба таври комил мавриди амаликунонӣ қарор гирад.
Қонун бояд на танҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабул ва татбиқ карда шавад, балки аз ҷониби шаҳрвандон низ ҳамчун арзиши иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ эҳтиром карда шавад. Раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ зина ба зина дар масири инкишёбӣ қарор гирифтааст ва дар ояндаи ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои худро бишиносанд, уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва ҷомеа дарк намоянд, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром кунанд, аз механизмҳои қонунии ҳимояи ҳуқуқ истифода баранд, ба ҳуқуқвайронкунӣ муносибати дуруст дошта бошанд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ва масъулиятнок иштирок намоянд.
Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ натиҷаи муҳим дар рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои Тоҷикистон ин рӯйдод аҳамияти махсус дорад, зеро ташаббусе, ки дар сатҳи миллӣ ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ амалӣ гардид, дар сатҳи байналмилалӣ ба иқдоми фарогир дар ҷомеаҳои муосири давлатҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ танҳо ҳамчун чорабинии тақвимӣ маҳдуд нашуда, ба таҳкими пайвастаи фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати конститутсионӣ, густариши донишҳои ҳуқуқии ҷавонон ва таҳкими эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намояд.
Дар ин замина суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад», аҳамияти махсус доранд. Ин андеша моҳияти робитаи байни Конститутсия, маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро равшан ифода мекунад.
Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ–2027 метавонад ба марҳилаи нави рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун ва густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқ табдил дода шавад.
Гулнора НУРЛЯМИНЗОДА,
сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз муаллиф
