25 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор доштанд.
***
14 сол пеш, 25 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск-пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Соли 2018 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳод манзур намуданд.
***
25 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Узбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд.
***
25 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳат, тиҷорат ва фарҳанг, ки дар шаҳраки Форт Лодердейли шаҳри Маямии иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ҳайати Тоҷикистон имконоти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуд.
25 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии рассомон.
***
Рӯзи савдогарон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ.
***
Дар Федератсияи Русия — Рӯзи гумрукчиён.
РӮЙДОДҲО:
25 октябри соли 1839 дар шаҳри Манчестери Англия аввалин тарҳи роҳи оҳан дар ҷаҳон кашф ва пешниҳод гардид.
***
25 октябри соли 1976 дар шаҳри Лондон аввалин Театри миллии шоҳӣ кушода шуд.
***
25 октябри соли 1961 унвони «Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон» таъсис ёфт.
***
25 октябри соли 1933 дар шаҳри Душанбе аввалин фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд.
***
25 октябри соли 1963 қисми аввали китоби «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон омода шуда буд, ба нашр расид.
***
25 октябри соли 2001 ширкати Microsoft яке аз муваффақтарин ва машҳуртарин системаҳои оператсионии ҷаҳон — Windows XP-ро расман ба бозор баровард ва ба истифодаи умум дод.
***
25 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 15-уми Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1671 донишманди итолиёвӣ Ҷованни Доменико Кассини сеюмин уҳдадор ё радифи сайёраи Сатурн — Япетро (Iapetus) кашф кард.
***
Соли 1889 дар Париж сохтмони бурҷи Эйфел ба охир расид.
Октябрь 25, 2026 08:00
