ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 октябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, заминларза соати 14:41:11 бо вақти маҳаллӣ дар кафиши Андигони шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шуда, таконҳои он дар маркази шаҳри Душанбе ва якчанд маҳалҳои атрофи он эҳсос гардиданд.
Маркази заминларза дар масофаи тақрибан 8-10 километр, шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва 14 километр аз шаҳри Ваҳдат ҷойгир буд.
Шиддатнокии ларзиши замин дар минтақаи марказии заминҷунбӣ 6 балл ва дар қисми шарқии шаҳри Душанбе 5-5,5 баллро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 13, 2026 15:33

