ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи энергетика густариш медиҳад. Ин масъала дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Инчунин масъалаи ҷалби маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикии кишвар муҳокима гардид. Ҳамзамон ба масъалаи бунёди иқтидорҳои нави гирдроэнергетикӣ бо ҷалби Бонк таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 18, 2026 13:20
