ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Қалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Сохтмони варзишгоҳи болопӯшида дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи июни соли 2026 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2026 бо риояи талаботи сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расид.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
