ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» дар шаҳри Остона вохӯрии Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо Раиси Раёсати Роҳи оҳани Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, густариши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи логистикиро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Протоколи вохӯриро ба имзо расониданд, ки ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан равона гардидааст.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

