ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 октябр Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар доираи сафари расмӣ ба Майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Тибқи барномаи сафари расмӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Чин ва маросими имзои сандаҳои ҳамкорӣ баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 18, 2026 13:30

