ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласа доир ба омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми озмун баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиён оид ба тадбирҳои омодагӣ ба баргузории даври ниҳоии озмун мубодилаи афкор намуданд. Дар ин рӯз ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун ва Комиссияи аппелятсионӣ муаррифӣ гардиданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 13, 2026 10:00

