ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус ба бузургдошти шоири барҷастаи классики тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиши адабӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.
Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Беларус Муҳсин Омид Замонӣ, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Минск, намояндагони Иттифоқи нависандагони Беларус, шоирону нависандагони Беларус, Академияи забон ва адабиёти форсӣ, Фонди Саъдӣ ва доираҳои илмию фарҳангӣ, устодону донишҷӯёни тоҷику беларуси муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиву маънавии Ҳофизи Шерозӣ, муаррифии паёми инсонпарваронаи ӯ ва таҳкими пайвандҳои дӯстиву фарҳангӣ байни халқҳо бахшида ба Рӯзи Ҳофиз доир гардид.
Зимни чорабинӣ иброз гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ чун яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс дар ганҷинаи адабу фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда дорад. Ғазалиёти ҷовидонаи ӯ, ки таҷассумгари муҳаббату хирад, озодандешӣ ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст, бо гузашти асрҳо арзиши хешро нигоҳ доштааст. Ин мероси пурғановат фаротар аз марзҳои ҷуғрофию забонӣ ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, маънавиёти халқҳо ва густариши муколамаи фарҳангҳо мусоидат менамояд.
Ҳамоиши адабиро қироати ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷику беларус ҳусну шаҳомати хосса бахшид. Дар маҳфил ҳамчунин намунаҳо аз ашъори шоир ба забони беларусӣ садо доданд.
Иштироккунандагони чорабинӣ баргузории ин ҳамоишро омили муҳими таҳкими дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи муколамаи фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи адабиёти тоҷику форс дар Беларус арзёбӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
