ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» 31 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Ин созишномаҳо ба рушди соҳибкорӣ, татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ нигаронида шудаанд.
Дар ҳамоиш беш аз 1000 намояндаи доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлат, соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок карданд. Санадҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба имзо расонида шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилояти Хатлон, рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар доираи форум Раиси вилояти Хатлон бо як зумра соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони давлатҳои алоҳида ва корпусҳои дипломатӣ густариши ҳамкории Тоҷикистон бо дигар давлатҳоро баррасӣ намуд.
Ҳамчунин масъалаҳои энергетика, рушди гидроэнергетика, истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунӣ, назорати иншооти энергетикӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсоли неруи барқ баррасӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Октябрь 23, 2026 13:08

