ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақшаи бунёди иншооти таъйиноти гуногун биноҳои нав сохта мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Дар маҳаллаи Ободони деҳаи Шӯрчаҳ бинои нави бунгоҳи тиббӣ, ки бо саҳми вакилон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд карда шудааст, ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ дорои таҷҳизоти заминавии тиббӣ буда, ба аҳолии деҳа хизмат мерасонад.
Бунгоҳи тиббӣ дар робита ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд карда шуд.
Инчунин дар деҳаи Наврӯзтеппаи шаҳр бо саҳмгузории сокинон бинои муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак сохта мешавад.
Дар мавзеи Қаволаи шаҳр мағозаи лавозимоти варзишӣ, хоҷагидорӣ ва боғдории соҳибкор Самадҷон Соҳибназаров низ ба истифода дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
Октябрь 15, 2026 09:38

