ҲИСОР, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор мумфаршкунии охирин қитъаи роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор, ки ин шаҳри бостониро бо пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе мепайвандад, муваффақона ба анҷом расид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Роҳи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватандӯсту аҳолии маҳаллӣ мумфарш карда шуд.
Марҳилаи аввали лоиҳа (дар масофаи зиёда аз 20 км) қаблан иҷро шуда буд. Ин маротиба қисмати охирини он дар масофаи як км аз маркази шаҳраки Шарора то шоҳроҳи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд.
Ба истифода додани ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мушкили чандинсолаи рафтуомади сокинону меҳмононро осон намуда, барои ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт, хусусан мошинҳои боркаш ба пойтахт шароити мусоид фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор
Октябрь 20, 2026 15:21

