ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сохтмони бинои Академияи варзишии Федератсияи бокси вилоят идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, бинои нави Академияи варзишии Федератсияи бокси вилояти Суғд бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта шуда, дорои толори бузурги машқу тамрин ва мусобиқаҳо, ҳуҷраҳои мураббиён, ҳаммом, ҷойи либосивазкунӣ ва меҳмонхона барои 20 нафар мебошад. Ин ташаббус ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки ин бино бо мақсади оммавигардонии варзиш дар байни ҷавонон бунёд карда мешавад. Интизор меравад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои варзишгарон шароити муосири сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Октябрь 20, 2026 14:18

