ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷашни Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивали «Оши палов», намоишу фурӯши шолӣ ва биринҷ таҷлил мегардад. Инчунин дар ин рӯз Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур низ доир мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод мекунанд, ки бори дигар сарзамини биҳиштӣ будани Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Дар ин рӯз деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю механизмҳо ва ихтирооти вобаста ба соҳаро пешниҳоди иштирокдорон менамоянд.
Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории иди мазкур- тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқонон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи деҳқонон аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар
Октябрь 17, 2026 07:30
