ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 1050–солагии шоирбонуи соҳибистеъдоди даврони Сомониён Робиаи Балхӣ таҳти унвони «Робиаи Балхӣ–нахустин нидои ишқ» ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.
Иброз гардид, ки таърихи адабиёти тоҷик бо номи бузургоне зинда аст, ки бо истеъдоду заковат ва осори мондагори худ дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд. Дар байни онҳо Робиаи Балхӣ чун яке аз нахустин бонувони суханвар ҷойгоҳи хосса дорад.
Гуфта шуд, ки Робияи Балхӣ танҳо як шоири ошиқпеша набуд. Ӯ бо истеъдоди фитрӣ, андешаи баланд ва ҷасорати маънавӣ тавонист дар замоне, ки суханварӣ бештар ба мардон нисбат дода мешуд, садои занро дар паҳнои адабиёт баланд намояд. Ҳарчанд аз осори ин бонуи суханвар то замони мо танҳо намунаҳои маҳдуде боқӣ мондаанд, ҳамин мероси гаронбаҳо низ аз завқи баланд, эҳсоси нозук ва маҳорати шоирии ӯ шаҳодат медиҳад.
Таъкид шуд, ки Робиаи Балхӣ нахустин шоири тоҷикзабони ҳамдавр бо аҳди Сомониён ва Абуабдуллои Рӯдакӣ мебошад. Робиа беш аз ҳазор сол пеш дар шаҳри Балх, дар оилаи бонуфуз ба дунё омада будааст. Балх он замон маркази бузурги илму фарҳанг ва мактабу андешаҳои гуногун буда, Робиа дар он муҳит бо забонҳои тоҷикию арабӣ шеър сурудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад».
Ин иқдоми муҳим бори дигар собит месозад, ки мероси адабии миллати тоҷик, аз ҷумла осори бонувони суханвари он ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни башарӣ буда, сазовори омӯзиш, ҳифз ва муаррифии бештар аст.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Октябрь 22, 2026 11:40
