16.10.2026, Арманистон
Муҳтарам ҷаноби Сарвазир Никол Воваевич Пашинян,
Муҳтарам Дабири кули Созмони Милал ҷаноби Антониу Гутерриш,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ин Саммит ва фароҳам овардани имконияти баррасии яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намоям.
Ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди устувор ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд мо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор, ташаккули заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешем.
То имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва як қатор санадҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 қабул гардидаанд.
Стратегияи мазкур дар асоси ҳадафҳои Барномаи қолабии ҷаҳонии Кунмин-Монреал оид ба гуногунии биологӣ таҷдид гардидааст.
Он вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки минбаъдаро бо дарназардошти ниёзҳо ва имкониятҳои кишвар муайян менамояд.
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст, ки дар миёни онҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Ҳозирини муҳтарам,
Мавқеи нодири ҷуғрофӣ ва гуногунии табиию иқлимии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо мурури замон ба ташаккули экосистемаҳои гуногун ва беназир мусоидат намудааст.
Тоҷикистон барои ҳифзи намудҳои нодири флора ва фауна, ки зери хатари нобудшавӣ қарор гирифтаанд таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Барои мисол, дар давоми даҳ соли охир саршумори бузи пармашох (морхур) чор баробар, гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар) ва бабри барфӣ якуним баробар афзоиш ёфтааст.
Дар баробари тадбирҳои миллӣ, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи намудҳои нодир аҳаммияти махсус медиҳад.
Бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 майро Рӯзи байналмилалии морхур эълон намуд, ки ба нигоҳдорӣ ва афзоиши намудҳои нодири ҳайвонот ва беҳбуди муҳити зисти онҳо нигаронида шудааст.
Дар ин раванд, ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодие, ки ба ҳифзи табиат мусоидат мекунанд, аҳаммияти хос дорад.
Аз ин рӯ, мо рушди сайёҳии экологиро яке аз самтҳои муассири ҳамгироии ҳифзи табиат бо рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо медонем.
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Ҳифзи гуногунии биологӣ раванди доимӣ буда, ҳанӯз ҳам дар ин масир мушкилоти муайян вуҷуд доранд.
Ин амр аз ҳамаи мо андешидани тадбирҳои муштаракро тақозо менамояд.
Дар ин росто, такмили мониторинг ва баҳисобгирии саршумори намудҳои нодир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.
Идомаи корҳои кабудизоркунӣ ва беҳтар намудани низоми мудирияти партовҳо, бахусус дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди саноати “сабз” ва шаҳрсозӣ низ ҳамчун вазифаи муҳим боқӣ мемонанд.
Қобили зикр аст, ки фишор ба экосистемаҳо танҳо аз омилҳои дохилӣ сарчашма намегирад.
Тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити табиӣ, истифодаи ғайриоқилонаи замин ва дигар омилҳои фаъолияти инсон ба экосистемаҳо ва гуногунии биологӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Мо ҳамасола шоҳиди пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолиҳо, хокборишот, обхезиҳо ва селу ярч мегардем.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатарҳои онро ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати дарозмуддати рушди устувор арзёбӣ менамояд.
Барои мо ҳифзи гуногунии биологӣ бо ҳифзи захираҳои об, бахусус пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар ин замина, зарурати ҳамоҳангии талошҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва гуногунии биологӣ аҳаммияти беш аз пеш касб менамояд.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли беш аз 25 соли охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал дастгирӣ ёфтаанд, саҳм гузоштааст.
Ин ташаббусҳо барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонии марбут ба об, аз ҷумла дар доираи Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, мусоидат кардаанд.
Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба платформаи муҳимми муколамаи сиёсӣ, рушди шарикӣ, таҳия ва татбиқи иқдомҳои муштарак ва омодагӣ ба конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об табдил ёфтаанд.
Дар соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милал доир мегардад.
Дар ин Конфронс арзёбии ниҳоии фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” анҷом ёфта, марҳалаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об муайян хоҳад шуд.
Яке аз мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии ин ҳамоиш баррасии масъалаҳои муҳитизистӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ хоҳад буд.
Итминон дорем, ки санади ниҳоии Конфронс таҳти унвони “Чорчӯби оби Душанбе” дар ҳалли масъалаҳои марбут ба гуногунии биологӣ низ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш,
Дар сарзамини мо пиряхҳо, қабати барф ва дигар унсурҳои криосфера ҷузъи ҷудонашавандаи низоми табиии ташаккули захираҳои об ва нигоҳдории тавозуни экосистемаҳо мебошанд.
Имрӯз обшавии босуръати пиряхҳо ба яке аз нишонаҳои возеҳи тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст.
Барои Тоҷикистон, ки тайи даҳсолаҳои охир беш аз ҳазору сесад пиряхро аз даст додааст, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши криосфера на танҳо масъалаи миллӣ, балки глобалӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ин радиф, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард.
Қадами муҳимми дигари ин раванд эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034 гардид, ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса роҳандозӣ шуд.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз мо бояд аз марҳалаи эътирофи мушкилот ба марҳалаи амалҳои муштарак ва натиҷаҳои мушаххас гузарем.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳифзи гуногунии биологӣ танҳо дар сурати таъмини пайванд миёни иродаи сиёсӣ, донишҳои илмӣ, имкониятҳои молиявию технологӣ, мониторинги муассир ва ҳамкории байналмилалӣ натиҷа хоҳад дод.
Умед дорем, ки Саммити имрӯза ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар масоили муҳитизистӣ такони нав хоҳад бахшид. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
