ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» нишасти матбуотӣ ва Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерон» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 филм, ки дар солҳои 2024–2026 таҳия гардидаанд пешниҳод шуд. Комиссияи интихоби филмҳо барои иштирок дар озмун 7 филми бадеии пурра, 6 филми бадеии кутоҳ, 14 филми мустанад, 6 филми анатсионӣ ва 5 филми сохташуда бо зеҳн суъниро интихоб намуд.
Дар маросими ҷамъбастии синамоҷоиза, ки 19 октябр соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад, 18 ҷоиза дар номинатсияҳои гуногун ба таҳиягарони филмҳо тақдим мегардад.
Гуфта шуд, ки дар синамоҷоиза беш аз 60 намоянда аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Фаронса иштирок мекунанд.
Пас аз нишасти матбуотӣ Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерон» бо иштироки намояндагони муассисаҳои синамоӣ, коргардонҳо, продюсерҳо, филмноманависон, ҳунармандон, киношиносон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии соҳавӣ доир шуд. Дар он масъалаҳои рушди ҳамкории байналмилалӣ, истеҳсоли муштараки филмҳо, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳаи синамо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни форум иштирокчиён оид ба роҳҳои густариши ҳамкории эҷодӣ байни синамогарони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои истеҳсоли муштараки филмҳо, ҷалби сармоя ба соҳаи кино, рушди фаъолияти продюсерӣ ва муаррифии маҳсулоти синамоӣ дар бозори байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Иброз гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва тағйир ёфтани усулҳои истеҳсолу паҳнкунии филмҳо ҳамкории мутақобилаи синамогарони давлатҳоро метавонад барои баланд бардоштани сифати филмҳо, ғанӣ гардонидани муҳтавои онҳо ва муаррифии фарҳангу таърихи миллатҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Яке аз масъалаҳои муҳими форум омода намудани кадрҳои ҷавон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои такмили маҳорати касбии онҳо буд. Иштирокчиён зарурати таҳкими робитаҳои муассисаҳои таълимии соҳаи синамо, густариши барномаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин ташкили даврҳои омӯзишӣ ва дарсҳои амалиро таъкид карданд.
Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки барои ҷавонони кишварҳои ҳамкор имкониятҳои бештар фароҳам оварда шаванд, то онҳо ба давлатҳои якдигар сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои синамоӣ, таҷрибаи коргардонҳо ва продюсерон, усулҳои муосири филмбардорӣ ва дигар марҳилаҳои истеҳсоли филм аз наздик шинос шаванд. Чунин табодули таҷриба метавонад ба ташаккули ҷаҳонбинии касбии ҷавонон, аз худ намудани донишҳои нав ва пайдо кардани робитаҳои эҷодӣ байни онҳо мусоидат намояд.
Таъкид шуд, ки ташкили таҷрибаомӯзии ҷавонон дар киностудияҳо, иштирок дар лоиҳаҳои муштараки филмофарӣ ва баргузории озмунҳои байналмилалии ҷавонон аз ҷумлаи роҳҳои муассири дастгирии истеъдодҳои наврасу ҷавон ба шумор меравад. Иштирок дар чунин барномаҳо ба онҳо имкон медиҳад, донишҳои худро дар амал татбиқ намуда, бо талаботи муосири соҳаи кино ошно шаванд.
Ба андешаи иштирокчиён, рушди ҳамкории байни продюсерони мамлакатҳо метавонад барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи имкониятҳои техникию эҷодии киностудияҳо ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба мусоидат кунад. Дар ин замина таҳияи филмҳои муштарак на танҳо воситаи рушди саноати синамо, балки яке аз роҳҳои муаррифии арзишҳои фарҳангӣ, таърих ва анъанаҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Русия, дотсенти кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) Фарҳод Маҳмудов изҳор дошт, ки баргузории чунин синамоҷоиза барои рушди фарҳанг ва пешрафти соҳаи кино аҳамияти муҳим дошта, барои табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои эҷодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Фарҳод Маҳмудов гуфт, ки имсол дар доираи ҷашнвора Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов барномаи вижаеро пешниҳод менамояд. Ҳамчунин донишҷӯёни коргоҳи миллии тоҷикии ин донишкада барномаи эҷодиро манзури иштирокдорон гардонида, устодону омӯзгорони донишкада барои дӯстдорони кино мастер-классҳо баргузор менамоянд.
Иштирокчиёни форум таъкид карданд, ки рушди минбаъдаи синамои тоҷик ба ҳамкории зичи муассисаҳои давлатӣ, киностудияҳо, муассисаҳои таълимӣ, продюсерон ва намояндагони бахши хусусӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳамзамон истифодаи имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад барои дастгирии филмсозони ҷавон, татбиқи ғояҳои нави эҷодӣ ва боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти синамоии миллӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» 15 октябр оғоз гардида, то 20 октябр идома меёбад. Ҳадафи он дастгирии синамои миллӣ, рушди иқтидори эҷодии филмсозон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва таҳкими ҳамкории эҷодӣ мебошад.
Дар доираи синамоҷоиза беш аз 50 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерон» яке аз чорабиниҳои муҳими синамоҷоиза ба ҳисоб меравад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
