ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ» ва «Таҳдидҳои киберӣ ва роҳҳои таъмини амнияти рақамӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар шароити муосир» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар қисми якуми ҳамоиш нақши зеҳни сунъӣ дар баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо, рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён имкониятҳои истифодаи ин технологияро дар автоматикунонии равандҳои корӣ, таҳлили бозор, қабули қарорҳои идоракунӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мизоҷон, рушди тиҷорати электронӣ ва дастгирии стартапҳо муҳокима намуданд.
Ҳамзамон аҳаммияти «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030» ва тақвияти ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва муассисаҳои илмӣ дар татбиқи ташаббусҳои рақамӣ таъкид гардид.
Қисми дуюми ҳамоиш ба таҳдидҳои муосири киберӣ, ҳифзи маълумот ва таъмини амнияти инфрасохтори рақамӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ бахшида шуд. Дар доираи ҳамоиш иштирокдорон роҳҳои баланд бардоштани огоҳии субъектҳои соҳибкорӣ аз хатарҳои киберӣ ва роҳҳои амалии муқовимат ба онҳоро баррасӣ карданд.
Дар ҷамъбаст зарурати омодасозии кадрҳои соҳибмалака, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва риояи талаботи амнияти иттилоотӣ ҳангоми ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ таъкид шуд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 16, 2026 11:41

