ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Баргузории Фестивали анорпарварон барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам меорад. Соли сеюм аст, ки ин фестивал дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест» баргузор мегардад. Ин иқдом барои муаррифии имконияти сармоягузорӣ, рушди соҳаи боғдорӣ ва густариши ҳамкории иқтисодӣ замина фароҳам меорад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 2496 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 2026 гектараш мевадиҳанда мебошад. Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили анор асосан аз аввали моҳи октябр оғоз шуда, то моҳи ноябр идома меёбад.
Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш карда мешавад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯзро ташкил дода, дар соли 3-юм ниҳоли он мева медиҳад ва то 50-70 сол умр мебинад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст.
Дар ҷумҳурӣ анор дар бештари минтақаҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ парвариш карда мешавад. Анор танҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳ, махсусан дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва қисмате аз водии Рашт барои парвариш созгор нест.
Дар вилояти Хатлон мавсими пухта расидани анор охири моҳи август, моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр мебошад. Зиёда аз 60 фоизи анор дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи сентябр пухта мерасад. Инчунин шаҳри Норак макони анорпарварӣ дониста мешавад. Тамоми боғоти анори ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ниҳолҳои ватанӣ мебошанд. Дар ин минтақа асосан ду навъи анор: сафеди мулоимдона ва сурх парвариш карда мешавад.
Аз рӯи туршӣ анор ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад: ширин, ширин-турш ва турш. Аз як дарахти анор 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз менамояд. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст. Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобаста аст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, меваи анор аз қанд ва витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст. Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Октябрь 23, 2026 15:58
