ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти сокинон бо неруи барқ ва баланд бардоштани сифати интиқоли он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Зеристгоҳи барқии «Арбоб» бо шиддати 110/35/6 киловолт дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷӣ бунёд гардида, ба коҳиш додани сарбории зеристгоҳҳои барқии Рӯмон, Унҷӣ, Ленинобод ва Ситора мусоидат менамояд. Барои бунёди иншоот хати интиқоли барқ ба масофаи 12 километр кашида шуда, дастгоҳу таҷҳизоти муосир васлу насб гардидаанд.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, ба истифода додани зеристгоҳ имкон медиҳад, ки талафоти неруи барқ аз 16 то 7 фоиз коҳиш ёфта, шиддати барқ дар шабака аз 120–130 волти кунунӣ то ба 220 волт расонида шавад. Ҳамзамон иншооти мазкур барои коҳиш додани садамаҳои шабакаи барқӣ дар фасли сармо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иброз гардид, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо идома дорад. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат даҳҳо неругоҳи хурду бузург бунёд ва ба истифода дода шуда, иқтидори энергетикии мамлакат афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт ба истифода дода шуда, тибқи нақша бунёди боз ду неругоҳи дигари офтобӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Ёва зеристгоҳи барқии «Ёва» бо шиддати 110/35/6 киловолт мавриди истифода қарор гирифт.
Ба иттилои масъулон, фаъолияти зеристгоҳи мазкур ба кам кардани сарбории зеристгоҳҳои барқии Ғозиён, Ҷанубӣ ва Абуалӣ ибни Сино мусоидат намуда, сифати интиқоли неруи барқро беҳтар мегардонад. Тибқи таҳлилҳо, дар натиҷаи ба истифода додани он талафоти неруи барқ аз 34 то 14 фоиз коҳиш ёфта, имкони ба меъёри 220 волт расонидани шиддатнокии барқ фароҳам меояд. Дар ин иншоот низ таҷҳизоти муосир насбу васл гардида, хати интиқоли барқ бунёд шудааст. Ба истифода додани зеристгоҳҳои нав ба коҳиш додани садамаҳои барқӣ дар фасли сармо мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки дар баробари бунёди зеристгоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои интиқоли барқ сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дорад. Дар вилояти Суғд низ иқтидори мавҷудаи энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» таҷдиду навсозӣ шудаанд.
Ба истифода додани зеристгоҳҳои нави барқӣ қадами муҳим дар самти беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Октябрь 25, 2026 09:30
