ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21–22 октябр дар шаҳри Еревани Арманистон ҷаласаи 83-юми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар ҷаласа татбиқи харитаи роҳи стратегӣ ва афзалияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ барои соли 2027, иҷрои буҷети соли 2026, буҷет ва саҳмгузории давлатҳо барои соли 2027, дурнамои молиявии соли 2028 ва ғайра баррасӣ шуда, иштирокдорон рафти иҷрои лоиҳаҳо ва натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои озмуни кушодаи соли 2026-ро муҳокима карданд.
Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидмуқим Ибодзода аҳамияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмию техникиро таъкид намуд. Иброз гардид, ки марказ барои ҷомеаи илмии Тоҷикистон на танҳо манбаи дастгирии лоиҳаҳо, балки шарики муҳим дар пайвастани таҳқиқоти миллӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи ҷаласа вохӯрии Саидмуқим Ибодзода бо роҳбарият ва масъулони дафтари марказии Маркази байналмилалии илмию техникӣ, ҳамчунин бо намояндагони муассисаҳои илмии Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид. Дар мулоқотҳо масъалаҳои рушди робитаҳои мустақим ва густариши ҳамкории илмӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Октябрь 24, 2026 13:30
