ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди рақобати солим ва таъмини шаффофият дар раванди қабули донишҷӯён заминаи мустаҳкам гузошт. Нишондиҳандаҳои мавсими имтиҳонсупории соли 2026 бори дигар собит намуданд, ки ин низом устувор ва рӯ ба рушд аст. Дар робита ба натиҷаҳои фаъолият, хусусияти низоми қабули довталабон дар соли 2026 ва дурнамои рушди соҳа хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки ҳадаф аз таъсиси Маркази миллии тестӣ чӣ буд ва ин ниҳод дар низоми қабули довталабон чӣ тағйирот ворид намуд?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ба роҳ мондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Бо мақсади ташкили низоми муосиру мутамаркази арзёбӣ 5 марти соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» таъсис ёфт. Баъдан, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Моҳияти ин ислоҳот танҳо дар тағйири шакли санҷиши дониш набуд. Муҳимтар аз ҳама, низоми қабули довталабон тадриҷан ба низоми ягонаи арзёбӣ табдил ёфт, ки дар меҳвари он шаффофият, адолати иҷтимоӣ, баробарии имконият ва рақобати солим қарор доранд. Дар низоми мазкур натиҷаи довталаб бояд, пеш аз ҳама, ба сатҳи воқеии дониш ва омодагии ӯ вобаста бошад.
АМИТ «Ховар»: Шаффофият ва адолат аз талаботи асосии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мебошанд. Барои таъмини ин принсипҳо кадом механизмҳо бояд истифода шаванд?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Шаффофият бояд дар тамоми марҳалаҳои қабули довталабон таъмин гардад. Дар ин самт иттилоърасонии пешакӣ, бақайдгирӣ бо тартибу талаботи ягона, истифодаи пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ, рамзгузорӣ, коркарди марказонидаи натиҷаҳо ва истифодаи технологияҳои муосир аҳаммияти муҳим доранд.
Тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, алгоритмҳо ва барномаи махсус анҷом дода мешавад. Мавқеи довталаб аз рӯйи бали бадастоварда ва афзалияти интихоби худи ӯ муайян мегардад.
Ҳуқуқи апеллятсия низ яке аз унсурҳои муҳими арзёбии одилона мебошад. Довталаб метавонад дар ҳолати эҳтимоли ғалат будани савол ё арзёбии нодуруст ба комиссияи апеллятсионӣ муроҷиат намояд. Ин тартиб ба ҳифзи ҳуқуқи довталабон ва баланд бардоштани эътимод ба натиҷаҳои имтиҳон мусоидат мекунад.
АМИТ «Ховар»: Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2026 чӣ миқдор муассиса ва ихтисосро фаро гирифт?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Соли 2026 низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 130 муассисаи таълимиро фаро гирифт. Аз ин шумора 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 4 филиали донишгоҳу донишкадаҳо, 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 9 филиали коллеҷҳо тавассути ин низом донишҷӯ қабул намуданд.
Барои довталабони дар заминаи синфи 11-ум дохилшаванда 880 ихтисос пешниҳод гардида, бо назардошти муассиса, шакл ва намуди таҳсил қабули довталабон аз рӯйи 6069 комбинатсияи ихтисос ба роҳ монда шуд.
То 30 июни соли 2026 нақшаи қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 74 ҳазору 510 ҷойро ташкил дод, ки аз ин шумора 13 ҳазору 276 ҷой ройгон ва 61 ҳазору 234 ҷой пулакӣ буд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 15,78 дарсад зиёд мебошад.
Барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ дар заминаи синфи 11-ум 33 ҳазору 445 ҷой ва дар заминаи синфи 9-ум 22 ҳазору 435 ҷой пешбинӣ гардид.
АМИТ «Ховар»: Шумораи умумии довталабон соли 2026 чӣ миқдорро ташкил дод ва он нисбат ба солҳои пешин чӣ гуна тағйир ёфт?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Дар давраи якуми бақайдгирии соли 2026 дар заминаи синфи 11-ум ва таҳсилоти касбӣ 116 ҳазору 568 довталаб номнавис шуд, ки нисбат ба соли 2025 32,82 дарсад зиёд мебошад. Дар заминаи синфи 9-ум шумораи довталабони номнависшуда 22 ҳазору 605 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2025 14,76 дарсад афзоиш ёфт.
Дар маҷмуи ду давраи бақайдгирӣ шумораи довталабони дар заминаи синфи 11-ум ва таҳсилоти касбӣ номнависшуда 124 ҳазору 323 нафар ва дар заминаи синфи 9-ум номнависшуда 25 ҳазору 131 нафарро ташкил дод. Албатта, афзоиши шумораи довталабон нишондиҳандаи муҳим аст. Аммо барои арзёбии вазъи воқеӣ танҳо ба рақамҳо такя кардан кофӣ нест. Зарур аст, ки талаботи довталабон ба ихтисосҳои гуногун, таносуби он бо ҷойҳои пешбинишуда ва имконоти муассисаҳои таълимӣ низ таҳлил карда шаванд.
АМИТ «Ховар»: Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Марказ иттилоърасонӣ ба довталабон мебошад. Соли 2026 барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо чӣ корҳо анҷом дода шуданд?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Огоҳии довталабон яке аз шартҳои муҳими таъмини шаффофият мебошад. Ҳар довталаб бояд пешакӣ дар бораи тартиби бақайдгирӣ, интихоби ихтисос, имтиҳонсупорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва тарзи тақсимот маълумоти кофӣ дошта бошад.
Соли 2026 корҳои иттилоърасонӣ дар се сатҳ — ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва муассисавӣ ба роҳ монда шуданд. Дар даври дуюми курси шиносоӣ дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 4249 намояндаи мақомоти давлатӣ, сохторҳои соҳаи маориф, директорон ва омӯзгорон иштирок карданд. 22 ҳазору 306 нафар ба ҷараёни вохӯриҳои мустақим фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин намояндагони Марказ ба 3400 муассисаи таҳсилоти умумӣ рафта, бо 334 ҳазору 815 хонанда, омӯзгор ва падару модар суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Барои таъмини дастрасии довталабон ба маълумоти зарурӣ маводи иттилоотӣ низ нашр гардид. Аз ҷумла, 32 ҳазор нусхаи «Роҳнамои довталаб», 227 ҳазору 240 нусхаи китобчаҳои саволу масъалаҳои тестии қисми А, 66 ҳазору 150 нусхаи қисми Б ва 124 ҳазору 100 нусхаи «Ёддошт барои довталаб» омода ва нашр карда шуданд.
АМИТ «Ховар»: Рақамикунонӣ дар низоми қабул чӣ нақш дорад ва довталабон аз кадом хизматрасониҳои электронӣ истифода бурда метавонанд?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Истифодаи технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки равандҳои бақайдгирӣ, дастрасӣ ба маълумот ва гирифтани натиҷаҳо барои довталабон осонтар гарданд. Дар фаъолияти Марказ хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла «Пешномнависӣ» ва «Кабинети инфиродӣ» истифода мешаванд.
Довталабон метавонанд натиҷаҳои худро тавассути паёмак (SMS), кабинети инфиродӣ, шуъбаи асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоотӣ дастрас намоянд.
Соли 2026 нуқтаҳои бақайдгирӣ дар 60 шаҳру ноҳия фаъолият карда, дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёр ташкил карда шуданд. Барои баргузории имтиҳонҳои асосӣ 55 муассисаи таълимӣ дар 22 шаҳру ноҳия интихоб гардида, беш аз 1527 синфхона истифода шуд. Ҳамчунин зиёда аз 2620 корманди муваққатӣ пас аз омӯзиш ва санҷиш ба кор ҷалб гардиданд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ раванди васеи ташкилию технологӣ буда, омодагии инфрасохторӣ, кадрӣ ва иттилоотии дақиқро талаб мекунанд.
АМИТ «Ховар»: Фаъолияти Марказ имрӯз танҳо бо қабули довталабон маҳдуд намешавад. Дар самти арзёбии сифати таҳсилот чӣ иқдомҳо амалӣ мегарданд?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Яке аз самтҳои фаъолияти Марказ гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон тавассути таҳқиқоти миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот барои муайян кардани сатҳи дониш, ошкор намудани мушкилоти мавҷуда ва таҳияи тадбирҳои такмили сифати таҳсилот аҳаммияти муҳим доранд.
Аз ҷумла, таҳқиқоти байналмилалии PISA дониш ва малакаи хонандагони 15-соларо дар самтҳои саводи хондан, саводи математикӣ ва саводи илмҳои табиатшиносӣ арзёбӣ мекунад. Ҳадафи он муайян намудани қобилияти хонандагон барои дар амал истифода бурдани дониш мебошад.
Таҳқиқоти асосии PISA аз 2 то 25 апрели соли 2025 дар 160 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 5777 хонанда, аз ҷумла 5094 хонандаи таҳсилоташон ба забони тоҷикӣ ва 683 хонандаи таҳсилоташон ба забони русӣ иштирок карданд.
Дар доираи таҳқиқоти байналмилалии PIRLS-2026 171 муассисаи таълимӣ дар 52 шаҳру ноҳияи кишвар фаро гирифта шуда, 6991 хонандаи синфи чорум, аз ҷумла 3359 духтар ва 3632 писар иштирок намуданд. Натиҷаҳои чунин арзёбиҳо барои таҳлили сатҳи азхудкунии дониш ва муайян кардани самтҳои такмили раванди таълим замина фароҳам меоранд.
АМИТ «Ховар»: Барои рушди минбаъдаи низоми қабул ва баланд бардоштани сифати арзёбӣ кадом масъалаҳо аҳаммияти бештар доранд?
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Такмили низоми қабул раванди пайваста мебошад. Дар ин самт сари вақт муайян намудани нақшаи қабул, мутобиқсозии рамз ва номгӯи ихтисосҳо, васеъ намудани хизматрасониҳои электронӣ, таҳлили интихоби довталабон ва ҳамоҳанг сохтани ҷойҳои қабул бо талаботи воқеӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Ҳамзамон ҳифзи иттилоот, такмили роҳнамоии касбӣ ва истифодаи самараноки натиҷаҳои арзёбӣ барои беҳтар намудани сифати таҳсилот бояд пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд. Арзёбӣ танҳо барои муайян кардани натиҷаи имтиҳон нест. Маълумоти боэътимод метавонад ба муайян намудани мушкилоти соҳа, такмили барномаҳои таълимӣ ва қабули қарорҳои асоснок мусоидат намояд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «падару модарон ва даҳҳо ҳазор нафар хатмкунандагони мо бори дигар бовар ҳосил карданд, ки Маркази тестӣ сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсии ҳар довталабро дуруст муайян мекунад ва дар мамлакат барои рақобати солим шароит фароҳам меорад».
Маҳз шаффофият, арзёбии одилона, баробарии имконият ва истифодаи оқилонаи маълумот заминаи рушди минбаъдаи низоми маориф ва ташаккули ҷомеаи донишмеҳвар мебошанд. Аз ин рӯ, фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҷузъи муҳимми ислоҳоти пайвастаи давлатӣ дар самти таҳкими адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот арзёбӣ кард.
Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
