ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» (15-20 октябр) ҷаласаи панҷуми Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории синамоӣ, густариши робитаҳои касбӣ байни киностудияҳои давлатҳои иштирокчӣ татбиқи лоиҳаҳои муштараки филмофарӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи синамо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкории муштарак, таҳияи филмномаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои филмофарӣ дар шакли копродуксия изҳори омодагӣ доштанд. Истифодаи имконияти эҷодӣ, касбӣ ва техникии киностудияҳои давлатҳо метавонад барои таҳияи филмҳои муштарак, мубодилаи таҷриба ва муаррифии фарҳангу арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд, таҳияи филмҳои муштарак ва истифодаи имконоти мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои нави синамоӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
Октябрь 19, 2026 17:45

