ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, густариши пажуҳишҳои муштараки ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими муколамаи илмию касбӣ 14 октябр зимни мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода бо ҳайати намояндагони Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами таҳкими волоияти қонун, такмили заминаҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ, тавсеаи ҳамкории илмию таҳқиқотӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами ҳуқуқшиносӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҷрибаи ҳамкории судманди академия бо Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхай зоҳир шуда, нақши табодули донишҷӯён, ташкили таҷрибаомӯзиҳои илмӣ ва иштироки омӯзгорону муҳаққиқон дар барномаҳои байналмилалӣ дар таҳкими иқтидори илмию касбӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷониби Академияи идоракунии давлатӣ омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳкими шарикии дарозмуддат бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимоди тарафайн ва манфиатҳои муштарак ба рушди минбаъдаи робитаҳои илмию ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 15, 2026 15:00

