ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо иштироки васеи хонандагони синфҳои 7-11-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ ва дорои афзалияту авлавият мубаддал гардидааст. Давоми даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон мавқеи махсус дода мешавад. Ҳадафи баргузории Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб мешавад.
Дар бахшҳо хонандагони боистеъдод маърузаҳои илмӣ-назариявӣ пешниҳод намуданд. Дар фарҷом ба як зумра аъзои фаъоли Академияи хурд Сипоснома ва Ифтихорнома тақдим гардид.
Ҳадафи асосии баргузории Рӯзи дарҳои кушод ҷалбу бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ на танҳо дар маҷалаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷаллаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд нишон додани корҳои илмии хонандагони Академияи хурд мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Октябрь 12, 2026 11:39

