ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 октябри соли равон хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ 361 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлат ҳамеша аз рӯйи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор баҳо дода мешавад.
Дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 5 миллиарду 31,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 105,8 фоиз таъмин шудааст. Дар ин давра ба буҷети Агентӣ 5 миллиарду 324,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 4 миллиарду 662,6 миллион сомониро ташкил дод. Ба маблағгузории нафақа 4 миллиарду 263,7 миллион сомонӣ равона гардида, пардохти нафақа дар ҳамин ҳаҷм пурра таъмин шудааст. Дар ҷумҳурӣ аз пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 13, 2026 14:40

