ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат 4026 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият мекунад. Ин корхонаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 385 адад, коркард 3466 адад, таъминоти неруӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъмини об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъол мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
1338 адад ё 33,2 фоизи шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд, 932 адад ё 23,2 фоиз ба вилояти Хатлон, 838 адад ё 20,8 фоиз ба шаҳри Душанбе, 702 адад ё 17,4 фоиз ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 216 адад ё 5,4 фоиз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.
Саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, таъмини рушди он вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойи кор ҳадафи чоруми миллии мамлакат мебошад. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид.
Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи минбаъда тақвияти равандҳои саноатикунонӣ, ҷалби сармоягузории мустақим, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор ҳамчун самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонанд.
АКС аз бойгонӣ
Октябрь 19, 2026 15:25
