ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Вена дар доираи ҳамкории маҷаллаи «Diplomatic Society» бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои форсизабон таҳти унвони «Аз Робиаи Балхӣ то Ҳофизи Шерозӣ» чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.
Сафир аз ҷумла изҳор дошт, ки солҳои охир бо ташаббус ва талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва 1050-солагии аввалин бонуи шоири тоҷику форс Робиаи Балхӣ дар қатори дигар ҷашнҳои таърихӣ ба феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин нишонаи возеҳи эътирофи фарҳанги ғанӣ ва бостонии мардуми тоҷику форс дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон намунаи абёти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, барномаи рангини фарҳангӣ ва дастархони миллии кишварҳои форсизабон пешкаш карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия
